Интихоб - пайравӣ кардани Исо
-
Matthew 16
Close
Барои чӣ Исо омад
Ҳаёт ва хидмати Исо аз тарафи одамон гуногун шарҳ дода мешавад.
Саволи бузургтарин
Аз овони кӯдакӣ мо худро бо саволҳои гуногун машғул мекардем. Мо ба одамони атрофи худ савол медодем, зеро мехостем донем. Ин қисми раванди омӯзиши мо буд. Саволҳои мо ба дигарон нишон медоданд, ки мо чиро намедонем. Баъзе саволҳо аз дигараш муҳимтар буданд, ва баъзе ҷавобҳо аз дигараш писандидатар.
Имондорон низ метавонанд иштибоҳ кунанд
Исо пайваста бо намояндагони мазҳабӣ рӯ ба рӯ мешуд. Ӯ ба онҳо савол медод ва ба саволҳояшон посух мегуфт. Ӯ ба шогирдонаш таълим дод, ки одамони мазҳабӣ низ метавонанд иштибоҳ кунанд. Ин таълим дар Инҷили Матто 16:5–12 оварда шудааст.
Дарки воқеият
Гоҳе чунин менамояд, ки ҳақиқати воқеии зиндагӣ пинҳон аст. Воқеият гӯё пушти парда аст ё ёфтанаш душвор. Аз ин сабаб мо бисёр вақт чизеро, ки мебинем, воқеӣ мешуморем, на он чиро ки дар ҳақиқат ҳаст. Вақте ки ба мо лозим меояд муайян кунем, чӣ воқеӣ аст, баъзан далелҳои кофӣ надорем. Чизҳо метавонанд воқеӣ менамоянд, гарчанде дар асл чунин нестанд. Ҳар рӯз мо бо зарурати тафтиш кардани он рӯ ба рӯ мешавем, ки оё он чи воқеӣ менамояд, дар ҳақиқат воқеӣ аст ё не. Мо ба кӯмак ниёз дорем, то тавонем дуруст бифаҳмем, ки ҳақиқат чист.
Қонунҳои зиндагӣ
Ҳамаи он чизе ки мо мекунем, мувофиқи қонунҳо ва қоидаҳо сурат мегирад. Ман мушоҳида кардаам, ки вақте кӯдакон бозӣ мекунанд, онҳо баъзан дар рафти бозӣ қоидаҳои худро ихтироъ мекунанд. Онҳо бозии худро месозанд. Онҳо қобилияти эҷод доранд, бинобар ин қарор медиҳанд, ки дар як бозии муайян ширкат кунанд ва қоидаҳои онро дар рафти он муайян намоянд. Ҳамин тавр, кӯдакон медонанд, ки зиндагӣ низ қонунҳо дорад. Барои он ки мо аз зиндагӣ хушбахтӣ ва шодии бузургтарро таҷриба кунем, бояд ба қоидаҳои зиндагии фаровон риоя кунем. Баъзе аз ин қоидаҳо дар табиат гузошта шудаанд, дигарашон бошанд дар муносибатҳои инсонӣ ташаккул меёбанд. Муҳим аст, ки мо бидонем, ин қоидаҳо чистанд.
Нигоҳи амиқ ба Исо
"Агар сипоҳбон хеле дур бошад, ӯ наметавонад ҷузъиёти лозимаро бубинад. Ӯ метавонад хатарро нодида гирад. Ӯ бояд наздиктар шавад ва бо диққат нигоҳ кунад, то ҳама чизро ба таври возеҳ бубинад."
Ҳаёт монанди баҳр аст
гар аз шумо бипурсанд: «Ҳаёти шумо ба чӣ монанд аст?» — чӣ ҷавоб медиҳед?
Мубориза бо ноумедӣ - 2
Оё шумо ягон бор бо чизе рӯ ба рӯ шудаед, ки тамоман ғайриимкон менамуд? Ҳама шароитҳо он гуна муттаҳид мешуданд, ки ҳалли вазъияти муайян комилан ғайриимкон менамуд? Дар он ҳолат шумо чӣ мекардед? Оё танҳо таслим мешудед?