Фоҷиаи аз даст додани фурсат
-
Matthew 23
Close
Боварӣ ба одилона будани доварӣ
Мо чунин рафтор мекунем, зеро Худо низ ҳамин тавр амал мекунад. Мо гуфта метавонем, ки Худо нисбат ба мо талабгортар аст, зеро адолати илоҳии Ӯ мутлақ ва комил мебошад. Баъзан адолати мо он қадар комил нест.
Вақте ки ҳаёт аз мувозинат мебарояд
Эҳтимол шумо борҳо дидаед, ки чӣ тавр чизе мувозинати худро гум мекунад. Он ба таври аҷиб ба як тараф овезон мешавад ё ба таври хатарнок меларзад. Вақте ки чизе дар мувозинат аст, он рост меистад ва бе мушкил кор мекунад.
Вақте ки одамони хуб бад мешаванд
Чӣ тавр мо метавонем худро аз хатогиҳо муҳофизат кунем?
Таъсири мавқеъ
Калимаи «таъсир» барои муайян кардани маънояш то андозае мураккаб аст. Мо мегӯем, ки одамоне, ки бо онҳо зиндагӣ мекунем, ба мо таъсир мерасонанд. Корҳое, ки онҳо мекунанд, ба мо бо роҳҳои гуногун таъсир мерасонанд. Ҳамчунин дуруст аст, ки мо ба одамони дигар таъсир мерасонем. Аз ин рӯ, азбаски мо дар ҷомеа ва дар байни одамони дигар зиндагӣ мекунем, онҳо ба мо таъсир мерасонанд ва мо низ ба онҳо таъсир мерасонем.
Кӣ Исоро кушт?
Гуноҳи куштани Исо дар тӯли асрҳо ба гардани гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои гуногуни динӣ гузошта шудааст. Ин масъала солҳои зиёд баҳс карда мешавад. Ба назар мерасад, ки ҳеҷ кас намехоҳад масъулиятро ба зимма гирад. Аз ҳамин сабаб баҳсҳо идома доранд. Баъзеҳо ҳатто бовар намекунанд, ки Исо мурд. Аммо Китоби Муқаддас дар бораи маслуб шудан ва марги Ӯ хабар медиҳад ва инчунин мегӯяд, ки Ӯ дар ҳамон ҷисме, ки маслуб шуда буд, аз мурдагон эҳё гардид.
Коргарон дар токзор
Кор кардан лаънат нест. Он баракат аст. Дар асл, агар инсон ба кор муносибати дуруст дошта бошад, кор метавонад як шакли дуо бошад. Худованд ба аввалин инсон — Одам — амр дод, ки боғиеро, ки дар он ҷойгир шуда буд, нигоҳубин кунад. Ӯ ҳамчунин ба вай фармуд, ки заминро пур кунад ва онро мутеъ гардонад. Пас, меҳнат як қисми нақшаи Офаридгор барои мост.
Тасаввуроти нодуруст дар бораи эҳё
Бо файзи Худо ман ва хоҳар Йодер имконият доштем, ки ба кишварҳои гуногун сафар кунем. Мо аз осорхонаҳои баъзе аз ин кишварҳо дидан кардем ва дидем, ки мардум чӣ гуна мурдагони худро ба хок месупориданд.
Ҷавобӣ Исо оиди андоз
Китоби Муқаддас ба мо таълим медиҳад, ки ба ҳукумати кишваре, ки дар он зиндагӣ мекунем, андоз супорем. Мо, шаҳрвандон, ҳукуматеро қадр мекунем ва дастгирӣ менамоем, ки қонун ва тартиботро дар сарзамине, ки мо зиндагӣ мекунем, таъмин мекунад. Баъзан чунин мешавад, ки андозҳо мувофиқи таъиноташон истифода намешаванд. Дар ин ҳолат масеҳӣ бояд чӣ кор кунад?
Меҳмонон дар зиёфати арӯсӣ
Дар тамоми ҷаҳон тӯйҳо ҳамчун ҷашн мебошанд. Ман боварӣ дорам, ки дар ҷомеаи шумо низ ҳамин тавр аст. Одатан меҳмонон аз аъзои оила ва дӯстони домоду арӯс иборатанд. Мо дар тӯйҳо вақти худро бо шодиву хурсандӣ мегузаронем.
Аҳамияти қарз
Мо ҳама одамони боэътимодро дӯст медорем — онҳоеро, ки ба гуфтаашон амал мекунанд ва вақте ки мо ба онҳо ниёз дорем, дар паҳлӯямон қарор мегиранд. Аксарияти одамоне, ки супоришҳои худро иҷро намекунанд, одатан барои ин сабабе доранд. Онҳо метавонанд бигӯянд, ки вақт хеле кам буд ё шароит мусоид набуд. Аммо агар дар дили мо ҳисси ҳақиқии масъулият ва қарздорӣ бошад, мо идома медиҳем ва он чизеро, ки ба ӯҳда гирифтаем, иҷро мекунем. Касоне, ки вазифаи худро содиқона иҷро мекунанд, ба муваффақият ноил мешаванд.