Кӣ Исоро кушт?

Гуноҳи куштани Исо дар тӯли асрҳо ба гардани гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои гуногуни динӣ гузошта шудааст. Ин масъала солҳои зиёд баҳс карда мешавад. Ба назар мерасад, ки ҳеҷ кас намехоҳад масъулиятро ба зимма гирад. Аз ҳамин сабаб баҳсҳо идома доранд. Баъзеҳо ҳатто бовар намекунанд, ки Исо мурд. Аммо Китоби Муқаддас дар бораи маслуб шудан ва марги Ӯ хабар…read more

Коргарон дар токзор

Кор кардан лаънат нест. Он баракат аст. Дар асл, агар инсон ба кор муносибати дуруст дошта бошад, кор метавонад як шакли дуо бошад. Худованд ба аввалин инсон — Одам — амр дод, ки боғиеро, ки дар он ҷойгир шуда буд, нигоҳубин кунад. Ӯ ҳамчунин ба вай фармуд, ки заминро пур кунад ва онро мутеъ гардонад. Пас, меҳнат як қисми нақшаи Офаридгор барои мост.

Тасаввуроти нодуруст дар бораи эҳё

Бо файзи Худо ман ва хоҳар Йодер имконият доштем, ки ба кишварҳои гуногун сафар кунем. Мо аз осорхонаҳои баъзе аз ин кишварҳо дидан кардем ва дидем, ки мардум чӣ гуна мурдагони худро ба хок месупориданд.

Ҷавобӣ Исо оиди андоз

Китоби Муқаддас ба мо таълим медиҳад, ки ба ҳукумати кишваре, ки дар он зиндагӣ мекунем, андоз супорем. Мо, шаҳрвандон, ҳукуматеро қадр мекунем ва дастгирӣ менамоем, ки қонун ва тартиботро дар сарзамине, ки мо зиндагӣ мекунем, таъмин мекунад. Баъзан чунин мешавад, ки андозҳо мувофиқи таъиноташон истифода намешаванд. Дар ин ҳолат масеҳӣ бояд чӣ кор кунад?

Меҳмонон дар зиёфати арӯсӣ

Дар тамоми ҷаҳон тӯйҳо ҳамчун ҷашн мебошанд. Ман боварӣ дорам, ки дар ҷомеаи шумо низ ҳамин тавр аст. Одатан меҳмонон аз аъзои оила ва дӯстони домоду арӯс иборатанд. Мо дар тӯйҳо вақти худро бо шодиву хурсандӣ мегузаронем.

Аҳамияти қарз

Мо ҳама одамони боэътимодро дӯст медорем — онҳоеро, ки ба гуфтаашон амал мекунанд ва вақте ки мо ба онҳо ниёз дорем, дар паҳлӯямон қарор мегиранд. Аксарияти одамоне, ки супоришҳои худро иҷро намекунанд, одатан барои ин сабабе доранд. Онҳо метавонанд бигӯянд, ки вақт хеле кам буд ё шароит мусоид набуд. Аммо агар дар дили мо ҳисси ҳақиқии масъулият ва қарздорӣ бошад, мо идома медиҳем ва он чизеро, ки ба ӯҳда гирифтаем, иҷро мекунем. Касоне, ки вазифаи худро содиқона иҷро мекунанд, ба муваффақият ноил мешаванд.

Маънои итоаткорӣ

Ҳеҷ касе нест, ки бе зарурати фармонбардорӣ зиндагӣ кунад. Вақте ки мо ба баъзе одамон нигоҳ мекунем, ба назарамон мерасад, ки онҳо ба ҳеҷ кас маҷбур нестанд итоат кунанд ва метавонанд ҳар он чизеро, ки хоҳанд, анҷом диҳанд. Аммо дар асли кор ин тавр нест. Дар ҳар як кишвар қонунҳои худаш ва дар ҳар як оила қоидаҳои худаш вуҷуд доранд. Агар шумо хоҳед, ки хушбахт бошед, мувофиқи қонунҳо ва қоидаҳои хонадон ва ҷомеаи худ зиндагӣ хоҳед кард.

Ин чӣ гуна ҷавоб аст?

Саволҳо воситаи муҳимест, ки ба воситаи онҳо мо меомӯзем. Аммо баъзе одамон савол медиҳанд, дар ҳоле ки ҷавоби онро аллакай медонанд. Онҳо ин корро мекунанд, то аз ҷавобҳои ҳақиқие, ки барояшон маълуманд, канорагирӣ намоянд

Дарахти анҷире, ки мева надошт

Вақте ки Худо ҷаҳон ва ҳар он чиро, ки дар он аст, офарид, Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Ӯ ҳар гуна дарахти барои ғизо муносибро рӯёнид. Навъҳои гуногуни зиёди меваҳо вуҷуд доранд. Баъзе дарахтони мевадиҳанда дар як минтақа мерӯянд, дигарҳо дар минтақаҳои дигар. Навъҳои мева бисёранд, аммо ҳар як дарахти мевадиҳанда мувофиқи навъи худ мева меорад.

Исо ва хонаи дуои Ӯ

Дар рӯзҳои зиндагии Исо дар Ерусалим маъбади бошукӯҳе вуҷуд дошт, ки аз ҷониби подшоҳ Ҳиродуси Бузург зебо ва оро дода шуда буд. Ин ҷойе буд, ки мардум дар тӯли асрҳо дар он ибодат мекарданд. Ғайр аз ин, Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд, ки Худо номи Худро дар он ҷо қарор дода буд. Аз ин рӯ, он макони ибодат ба ҳисоб мерафт.

Вақте ки Подшоҳ Исо ба Ерусалим омад

Ман бовар намекунам, ки касе метавонад Инҷили Матторо бихонад ва дарк накунад, ки Исо шахсияти барҷаста буд. Бисёр одамон ба Ӯ сифатҳо ва хусусиятҳои гуногун нисбат медиҳанд. Албатта, ҳеҷ кас наметавонад ин ҳақиқатро инкор кунад, ки Ӯ шахсияти фавқулода буд.

Email Sign-up

Sign up for the TWR360 Newsletter

Access updates, news, Biblical teaching and inspirational messages from powerful Christian voices.

Thank you for signing up to receive updates from TWR360.

Required information missing

This site is protected by reCAPTCHA, and the Google Privacy Policy & Terms of Use apply.